Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломатҳои Амрико тарки Беларус мекунанд


Беларус имрӯз аз як теъдод дипломатҳои амрикоӣ талаб кард, қаламрави ин кишварро тарк кунанд. Вазорати хориҷаи Беларус гуфт, феҳрасти дипломатҳое, ки бояд хориҷ шаванд, ба дасти кордори сафорати Амрико Ҷонатан Мур супурда шудааст.

Беларус дар моҳи март аз сафири Амрико низ айни талабро карда, сипас то 6 нафар коҳиш додани шумори кормандони сафорати он кишварро талаб гузошт.

Танҳо дар соли ҷорӣ бори дуввум аст, ки Минск коҳиши шумори кормандони сафорати Амрикоро талаб мекунад.

Таниши дипломатӣ байни Амрикову Беларус дар пайи ҷорӣ шудани таҳримот алайҳи ширкати “Белнефтехим” авҷ гирифт.

XS
SM
MD
LG