Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО ва Амрико низ аз Маскав интиқод карданд


Паймони низомии НАТО гуфт, ҷараёни афзоиши нирӯҳои ҳомии сулҳи Русия дар Абхозистон, ҷумҳурии ҷудоиталаби Гурҷистонро назорат мекунад. Сухангӯи НАТО Ҷеймс Апатураӣ гуфт, ки ин иқдоми Маскав танишро дар минтақа бештар хоҳад кард. Амрико низ дар бораи ин тасмими Русия изҳори нигаронӣ карда ва Иттиҳодияи Аврупо аз он интиқод кардааст.

Хавйер Солана, раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА дар пайи мулоқот бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ин амал ба оддӣ шудани равобити танишомези Маскав бо Тифли мусоидате намекунад.

Русия мегӯяд, нирӯҳои иловагиро ба ин минтақа дар вокуниш ба қасди, ба гуфтаи Маскав, ҳамлаи имконпазири Гурҷистон ба ин ҷумҳурии ҷудоиталаб мефиристад.

XS
SM
MD
LG