Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамла ба Карзай дар Покистон тарҳрезӣ шуда буд"


Амруллоҳ Солеҳ, раҳбари хадамоти амниятии Афғонистон гуфт, нақшаи ҳамлаи рӯзи якшанбе алайҳи раҳбари ин кишвар Ҳомиди Карзай дар Покистон кашида шудааст. Амруллоҳ Солеҳ гуфт, омилони ин ҳамла бо афроде дар минтақаҳои қабиланишини Боҷавор ва Вазиристони шимолӣ ва шаҳри Пешовари Покистон тамоси телефонӣ доштаанд. Исломобод то ҳол ба ин иддаои Кобул вокунише нишон надодааст.

Амруллоҳ Солеҳ дар сӯҳбат бо хабарнигорон ҳамчунин ба ҷузъиёти амалиёти нирӯҳои амниятӣ дар минтақаи Гузаргоҳи Кобул пардохта, гуфт, дар ҷараёни ҳамла ба як паноҳгоҳи ҷангиён дар ин минтақа 7 нафар, кушта шуданд.

Амруллоҳ Солеҳ гуфт, ду тан аз кушташудагон “террористҳо” ва якеи дигар зане будааст, ки ба хотири анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ омада буд. Раҳбари хадамоти амниятии Афғонистон афзуд, дар ҷараёни амалиёт ҳамчунин як кӯдак ва 3 тан аз нирӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG