Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи ғизо ба 1 миллиард нафар асобат кардааст


Бонки Рушди Осиё мегӯяд, афзоиши нархи ғизо ба ҳаёти 1 миллиард мардум дар қораи Осиё ба таври ҷиддӣ асобат кардааст. Мудири кулли Бонки Рушди Осиё Раҷат Наг имрӯз гуфт, ин омор аз ҷумла фарогири 600 миллион мардумест, ки бо камтар аз 1 доллар даромади рӯзона ба сар мебаранд. 400 миллион нафари дигар, ба гуфтаи вай, даромади як каме бештар аз 1 доллар дар рӯз доштаанд.

Раҷат Наг гуфт, мавзӯъи афзоиши нархи ғизо дар ҷаласаи солонаи Бонк, ки рӯзи шанбе дар Мадрид, пойтахти Испания, оғоз ба кор мекунад, баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG