Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилони таркиш дар бозори Черкизово маҳкум шудаанд


Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ҳайъати мунсифаи додгоҳи шаҳри Маскав 4 нафарро б о ҷурми даст доштан дар бамбгузории 2 соли пеш дар бозори Черкизовои пойтахти Русия маҳкум кардааст. Ҳайъати мунсифаи додгоҳи ин 4 нафарро дар куштор ва тарҳрезии куштор муҷрим шинохтааст.

3 тан аз ин маҳкумшудагон донишҷӯ буда, бо гурӯҳҳои қавмгаро ҳамкорӣ доштаанд.

Дар таркиши бамб дар бозори Черкизовои шаҳри Маскав дар моҳи августи соли 2006 14 нафар, аз ҷумла 7 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули 2 кӯдак кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG