Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дигар нафташро бо доллар намефурӯшад


Ҳуҷҷатуллоҳ Ғанимифард, як мақоми вазорати нафти Эрон гуфт, ин кишвар харидуфурӯши нафт бо доллари амрикоиро комилан қатъ кардааст. Вай афзуд, ки чунин муъомилот аз ин ба баъд танҳо бо евро, воҳиди пули ИА, ва бо йени Ҷопон сурат дода хоҳанд шуд. Эрон, ки дуввумини кишвари бузурги тавлидкунандаи нафт дар созмони ОПЕК маҳсуб мешавад, харидуфурӯши нафташ бо долларро ҳанӯз аз соли гузашта дар пайи пойинравии қурби пули Амрико ба таври сареъ коҳиш дод.

Уфти қурби пули Амрико мояи нигаронии тавлидкунандагони нафт шудааст, чунки арзиши захираи доллари онҳоро ночиз мекунад.

XS
SM
MD
LG