Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқотҳои дабирони амният – пушти дарҳои баста


Ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон, дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд Дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон як мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Бино ба ин манбаъ, Токон Мамитов ва ҳамтои тоҷики ӯ Амирқул Азимов перомуни масъалаҳое баҳс карданд, ки ба таъйин ва аломатгузории марзи миёни ин ду кишвар ва бартараф намудани зуҳури низоъҳо дар миёни аҳолии минтақаҳои марзии ду кишвари ҳамҷавор марбутанд.
Дар ҷараёни ин гуфтушунидҳо раҳбарони идораҳои амният, марзбонӣ ва хадамоти гумруки вилоятҳои Суду Ботканди ин ду кишвар низ ширкат намуданд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон ба хабаргузории “24.kg гуфтааст, ки дар сурати ҳифзи муштараки марз аз тарафи сарбозони кумитаи марзбонии ин ду кишвар дар мавриди мубориза бо терроризм ва қочоқи маводди мухаддир метавон ба дастовардҳои бештар ноил шуд.
Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд, ки дар минтақаҳои баҳсноки ду самти марз аз худсарии шаҳрвандони ҳар ду тараф ҷиҳати сохтани манзил ва кишти зироъат ҷилавгирӣ бояд кард, дар акси ҳол аъмоли худсаронаи онҳо боиси зуҳури низоъ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, тасмим гирифта шудааст, ки дар сатҳи раисони ҳукумати вилоятҳои Ботканду Суғд ва ноҳияи ҳаммарзи он як ситоди муштарак дар мавриди бартараф сохтани вазъяти барангезандаи низоъҳо таъсис ёбад.
Гуфта мешавад, ки мулоқоти навбатии Дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар иштироки раҳбарони ниҳодҳои қудратии ҳар ду кишвар моҳи сентябри соли равон дар Ботканд бургузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG