Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби 29 ба 30 апрел дар қалби Кобул, дар минтақаи Гузаргоҳ ном маҳалле, воқеъ дар теппаҳои атрофи қисмати қадимаи пойтахти Афғонистон садои тирандозӣ баланд шуд.

Нирӯҳои амниятии Афғонистон дар ин минтақа дар ғарби пойтахт манзилеро, ки ба бовари мақомот, дар он дасти кам 5 ҷангии Толибон паноҳ бурда буданд, иҳота карданд. Як афсари амниятии Афғонистон бидуни бурдани номаш дар маҳалли даргирӣ гуфт, бовар меравад, ки ҷангиёни дар Гузаргоҳ паноҳбурда дар ҳамлаи рӯзи 27 апрел алайҳи раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай даст доранд.

Баъд аз 7 соати задухӯрд мақомоти Вазорати умури дохилаи Афғонистон изҳор доштанд, ки ҷангиён ба хотири растан аз асорат худро мунфаҷир кардаанд.

Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, дар ин задухӯрд ду ҷангӣ - яке бо номи Ато Муҳаммад ва дуввумӣ бо исми Мирвайс – ва ҳамчунин зан ва духтари хурдсоли Ато Муҳаммад кушта шудаанд. Сухангӯи Толибон гуфтааст, ҳамлаи рӯзи 27.04 алайҳи Ҳомиди Карзайро, ки дар ҷараёни паради низомӣ ба шарафи солгарди пирӯзии муҷоҳидин бар давлати коммунистии вақти Афғонистон сурат гирифт, ҳамин ду ҷангии Толибон тарҳрезӣ ва дар иҷрои он ҳамдастӣ кардаанд.

Ҳомиди Карзай аз он ҳамла ҷони солим ба дар овард, вале дар асари он 3 тани дигар аз тамошобинони паради низомӣ - як вакили парлумон, як раҳбари қабила ва як кӯдаки даҳсола- кушта шуданд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, Ато Муҳаммад ва Мирвайс рӯзи 27.04 тавонистаанд аз маҳалли ҳамла ба Карзай фирор карда, дар минтақаи Гузаргоҳ паноҳ бубаранд.

Аммо иттифоқи ду ҳамла дар як ҳафта дар қалби Кобул мояи нигарониҳои афзояндаи мардумии оддии Афғонистон дар мавриди қобилияти нирӯҳои амниятии кишвар дар амри таъмини амнияти онҳо шудааст. Дар ҳоле ки аз кӯчаву хиёбонҳо ва аз забони мардуми оддӣ ҳарфҳои нигаронӣ баланд мешаванд, вакилони мухолифи давлат дар парлумон низ тавонмандиҳои вазоратхонаҳои дифоъ ва умури дохила дар амри таъмини назму амниятро зери суол мегузоранд.

Тавре ба назар мерасад, ҳаракати Толибон тавонистааст дар ду соли ахир ба ҷалби шумори бештари ҷангиёни ҷавон дар манотиқи ҷануб ва ҷанубу шарқи Афғонистон муваффақ шавад. Аммо хушунатҳои суратгирифта тайи чанд рӯзи охир дар қалби Кобул аз бузургтарин ва ҳам бепардатарин талошҳои Толибон ба хотири намоиши ҳузури ин ҳаракат дар пойтахти Афғонистон аз замони суқути давлати Толибон дар поёни соли 2001 талаққӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG