Пайвандҳои дастрасӣ

Тавҳин ба "ҳуввияти туркӣ" дигар ҷиноят нест


Парлумони Туркия таҳрири нави қонунеро, ки озодии баёнро маҳдуд мекард, тасвиб кардааст.

Ин қонун, ки барои тавҳин ба “ҳуввияти туркӣ” муҷозот таъйин мекард, дар гузашта боиси таъқиби садҳо нависанда, аз ҷумла барандаи ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт Орҳан Памук шуда буд.

Бар асоси тағйироти ворида, акнун тавҳин ба ҳуввияти туркӣ ҷиноят дониста намешавад, вале тавҳин ба миллати турк ҳамчунон муҷозот хоҳад шуд.

Нависандагон ва фаъолони турк гуфтаанд, тағйироти ахири қонун чандон қобили мулоҳиза нест. Иттиҳодияи Аврупо низ ба ҳамин назар будааст. Бруксел гуфт, сабук кардани маҳдудиятҳои мавҷуда дар роҳи озодии баён як имтиҳони пойбандии Анкара ба тааҳҳудоташ ҷиҳати роҳандозии ислоҳоти сиёсӣ ба хотири оғози музокироти узвияти Туркия ба Иттиҳодияи Аврупост.

XS
SM
MD
LG