Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии донишҷӯёни Табрез идома дорад


17 донишҷӯи эрониро, ки ба нишони эътироз ба маҳдудиятҳои эҷодшуда дар як донишгоҳи Табрез даст ба гуруснанишинӣ зада буданд, бино ба хабарҳо, ба бемористон мунтақил кардаанд. Рӯзномаи ислоҳталаби “Эътимод” навишт, беш аз 100 толибилми донишгоҳи Саҳанд тайи як ҳафта “алайҳи шумори фазояндаи дастурҳои интизомӣ ва масоили марбут ба созмонҳои донишҷӯӣ” эътироз доштаанд.

Ҷузъиёти ин тадобири интизомӣ ҳанӯз рӯшан нест, вале бархе донишҷӯёнро чандин бор ба далели ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои чапгаро аз дарсҳо берун карданд.

XS
SM
MD
LG