Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти Аҳмадинажод аз сафари Осиёи ҷанубӣ


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар пайи дидори Ҳинд ба Теҳрон баргашт. Ин нахустин дидори раҳбари аввали Эрон аз Деҳлӣ дар 5 соли ахир ва ҳадафи аслиаш баррасии тарҳи ҳафтуниммиллиарддолларии эҳдоси лӯлаи газе будааст, ки бояд аз Эрон ба Покистону Ҳинд кашида шавад.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар пайи мулоқоташ бо сарвазир ва раисиҷумҳури Ҳиндустон гуфт, ки тарҳи мазкур ба зудӣ да дасти тасвиби ниҳоӣ супурда хоҳад шуд.

Амрико ба ин тарҳ мухолиф аст, вале Деҳлӣ мегӯяд, ба хотири таъмини ниёзмандиҳои иқтисоди ташналабаш ба ҳама гуна манобеъи энержӣ бо таваҷҷӯҳ нигоҳ хоҳад кард.
Маҳмуди Аҳмадинажод қабл аз Ҳинд, аз Покистону Шри Ланка низ дидан карда буд.

XS
SM
MD
LG