Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми зиндони 3 ҷангсолор дар Буснӣ


Додгоҳи Буснӣ ва Ҳерзеговин 2 ҷангии серб ва 1 хорватро бо ҷурми даст доштан дар ҷиноёти ҷангӣ алайҳи мусалмонони Буснӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳкум ба зиндон кард.

Мирко Тодорович ва Милош Радич дар куштори 8 мусалмони Буснӣ дар шаҳри Братунач дар моҳи майи соли 1992 муҷрим дониста шуданд. Бо як қарори дигари додгоҳ, Паско Любичич, собиқ фармондеҳи пулиси низомии хорватҳои Буснӣ, бо ҷурми мушорикат дар қатли беш аз 100 тан аз сокинони мусалмони рустои Аҳмичӣ дар моҳи апрели соли 1993 равонаи зиндон мешавад.

XS
SM
MD
LG