Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани дасти кам 7 нафар дар Кобул


Ҳамлаи нирӯҳои амниятии Афғонистон дар Кобул ба як паноҳгоҳи ҷангиён, ки бовар меравад, дар ҳамлаи рӯзи якшанбе бар зидди раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай даст доштаанд, мунҷар ба ҳалокати дасти кам 7 нафар шудааст.

Даргирии имрӯза бо истифода аз мусалсал ва хумпораандозҳо чанд соат идома кардааст. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон Земерай Башарӣ ҷангиёни паноҳбурда дар он манзилро ”террористҳо” ном бурдааст.

Сухангӯи Толибон гуфт, дар ҷараёни ин амалиёт ду тан аз дастандаркорони ҳамла алайҳи Карзай кушта шудаанд. Вале ин хабар то кунун расман тасдиқ нашудааст.

XS
SM
MD
LG