Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз дар назди додситонии кулли кишвар (видео)


Меҳрнигор Ризоева бо кӯдаконаш дар назди Додситонии кулли Тоҷикистон ба нишони эътироз таҳдиди худсӯзӣ кард.

Ин зани тоҷик аз додситонӣ талаб кард, ки фарзандаш Суннатуллоҳ Ризоевро, ки ҳамчун гумонбар дар куштори Неъматуллоҳ Ҳакимов, сокини ноҳияи Ҳисор, ду ҳафта боз дар маҳбаси муваққатии ноҳияи Рӯдакӣ нигаҳдорӣ мешавад, озод кунанд.
Меҳрнигор Ризоева, ки дар даст либосҳои хунолуди фарзандашро медошт, мегӯяд, кормандони интизомии маҳбаси муваққатии ноҳияи Рӯдакӣ писари ӯро шиканҷаву фишори равонӣ дода, хостаанд, ки «куштор»-и Неъматуллоҳ Ҳакимовро ба гардан гирад, ҳарчанд ӯ гуфтааст, ки ба ин марги рафиқаш худро муҷрим намеҳисобад.
Ин дар ҳолест, ки ташхиси тиббии додгоҳ муайян кардааст, ки Н. Ҳакимов аз таъсири миқдори зиёди шароб вафот намудааст ва бар замми ин ба бемории ҷигар мубтало будааст.

Хонум Ризоева мегӯяд, аз 9 нафар рафиқони писараш, ки дар маҳалаи Зарафшони Душанбе ҷамъ омада, зодрӯзи як дӯсташонро таҷлил кардаанд, ки Неъматулло Ҳакимов дар он ҷо ҳалок шудааст, мақомот танҳо писари ӯро боздошт кардаанд. Ба қавли вай мақомоти интизомӣ дар ибтидо чанд нафар ширкаткунандагони он ҷамъомадро боздошт кардаанд, вале волидайни онҳо бо додани ришва фарзандони худро озод кардаанд. Хонум Ризоева мегӯяд, ӯ ки пул надорад, мақомот танҳо фарзанди ӯро дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд.


Пас аз як соати исрор ва талаби хонум Ризоева Додситонии кулл розӣ шуд, уро ба ҳузур пазируфта, ба ҳарфи ӯ гӯш диҳад.

Матлуба Абдулоева, масъули бахши матбуъотии Додситонии кулл дар робита ба ин ҳодиса аз суҳбат худдорӣ кард. вале гуфт, Тоҷикистон муоҳидаи байналмиллалиро дар хусуси манъи шиканҷаи боздоштшудагон қабул кардааст, ки воқеъан мавориди зарбу шатми боздоштшудагон дар ин кишвар мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи ӯ дар сурати воқеан латукӯб шудани боздоштшуда мақомоти интизомӣ бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

То замоне ин гузориш омода мешуд, шавҳари хонум Ризоева мегуфт, ки хонумаш ба бинои додситонӣ ворид шуда, то кунун аз онҷо берун нашудааст ва аз ӯ дараке нест. Вай намедонад, ки ӯ худсӯзӣ кардааст ё куҷо шудааст.



XS
SM
MD
LG