Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Иттиҳоди Аврупо аз ирсоли нерӯҳои нави Русия ба Абхазия


Иттиҳодияи Аврупо аз тасмими Русия ба ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистони Гурҷистон интиқод кард. Масъули сиёсатҳои берунаи иттиҳод, Ҳавийер Солана гуфт, ин иқдом ба коҳиши шиддати миёни Маскав ва Тифлис хидмат нахоҳад кард. Русия гуфтааст, нерӯҳои иловагиро барои он ба Абхозистон фиристодааст, ки ба гуфтаи Маскав, Гурҷистон нақшаи ҳамларо омода мекунад. Президенти Гурҷистон, Михаил Саакашвилӣ гуфтааст, Русия ҳамчун як нерӯи бузург мехоҳад кишвари ӯро ба рӯёрӯии ҷаҳонӣ бикашонад. Аммо вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров мегӯяд, афзоиши нерӯҳои Русия дар Абхозистон дар доираи имконияти афзоиши 3000-нафарие сурат гирифт, ки дар созишномаи оташбаси соли 1994 таҳти сарпарастии Созмони Милал муқаррар гаштааст.
XS
SM
MD
LG