Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии интихоботи Зимбабве дар СММ


Шӯрои Амнияти Созмони Милал имрӯз аввалин ҷаласаи марбут ба интихоботи ҳалношудаи Зимбабверо доир намуд. Дар ҳоле ки интихобот рӯзи 29-уми март ҷараён гирифта буд, то ҳоло натиҷаҳои он эълон нашудаанд ва мухолифон президент Роберт Мугоберо, ки наздик ба сӣ сол боз дар сари қудрат аст, дар кӯшиши хилофкорӣ айбдор мекунанд. Аъзои Шӯрои Амният дар ин замина мавзеъгирии мутафовит доранд. Дар Вошингтон, президенти Амрико, Ҷорҷ Даблю Буш гуфт, бояд ба иродаи мардум арҷ гузошта шавад, зеро Мугобе кишварро ба шикаст мувоҷеҳ кард.
XS
SM
MD
LG