Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъи ногаҳонии нерӯи барқ дар Венесуэла


Мақомоти Венесуэла баъд аз қатъи интиқоли нерӯи барқ дар ними мамлакат мардумро ба оромӣ даъват карданд. Дар пойтахти кишвар Каракас ва шаҳрҳои дигар бо сабаби хомӯш шудани чароғакҳои сабз садамаҳои ба вуқӯъ пайваста, қатъи кори ширкатҳои телефони ҳамроҳ мардумро саргум кард. Бебарқӣ, ки ба иттилоъи мақомоти расмӣ бо сабаби тафсидани шабакаҳои барқрасон ба миён омад, 90 дақиқа идома кард.
XS
SM
MD
LG