Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Вошингтон аз вазъи маҳбуси амрикоӣ дар Беларус


Иёлоти Муттаҳида аз вазъи саломатии як ҳуқуқшиноси амрикоӣ, ки аз 12-уми март ба ин сӯ дар маҳбаси Беларус ба сар мебарад, изҳори нигаронӣ кард. Намояндаи сафорати Амрико дар Минск гуфтааст, Эмануэл Зелтсер назар ба рӯзҳои қабл вазъи коҳида ва заъифе дорад. Дар ин байн президенти Беларус, Александр Лукашенко дар паёми имрӯзааш ба порлумон ҳама гуна шароитро барои беҳбуди равобит бо Ғарб рад кард. Аз ҷумла шарти озодии ҳамаи маҳбусони сиёсии ин кишварро.
XS
SM
MD
LG