Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони қудратии Афғонистон барканор нашуданд


Сарони умури амниятии Афғонистон аз раъйдиҳии нобоварӣ дар порлумони ин кишвар беосеб гузаштанд ва дар мақоми худ боқӣ монданд. Овоздиҳӣ замоне доир шуд, ки вакилон гуфтанд, аз баёноти вазири дифоъ, Абдулраҳмони Вардка, вазири умури дохилӣ, Зарар Аҳмад Муқбил ва раиси амният Амруллоҳ Солеҳ дар бораи имконияти ҳамла ба реҷаи низомӣ қонеъ нашудаанд. Президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай аз ин суиқасд ҷон ба саломат бурд, аммо се нафар дар он, аз ҷумла як узви порлумон, кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG