Пайвандҳои дастрасӣ

Илоҷи пешгирии ҷинояти ноболиғон дар Панҷакент


Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Панҷакент ахиран дар як ҷаласаи худ тасмим гирифт, ки минбаъд ба фаъъолияти мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз рӯи ҷиноятҳое, ки муҳассилини ин макотиб содир мекунанд, ҷазо муқаррар мешавад.

Рустам Азизов, додситони шаҳри Панҷакент, дар суҳбат бо родиюи «Озодӣ» гуфт, ки мақсад аз тасмими ин шӯро, қабл аз ҳама, ҷилавгирии ҳарчи бештар аз ҷиноят миёни ноболиғон ва, ба вижа, муҳассилини мактабҳои миёна мебошад. Вай афзуд, санҷишҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ исбот намудааст, дар он макотибе, ки сарварону устодони он чандон ба тарбияи шогирдон масъулият зоҳир намекунанд, наврасон даст ба ҷиноят задаанд: «Мо ба хулосае омадем, ки, агар наврасе даст ба ҷиноят занад, аз падару модари ӯ сар карда то роҳбари синфу мудири мактабаш бояд ба ҳамин комиссияи кор бо ноболиғон оварда ва муҳокима карда шавад».
Ба таъйиди Р. Азизов, дар айни замон барои ҷилавгирӣ аз ҷинояти ноболиғон корҳои таблиғотӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия якҷоя бо аҳли ҷомиъа ва масъулини маориф ба роҳ монда шудааст. Ин амал, гуфт додситони ноҳия, имкон дод, ки теъдоди ҷиноятсодиркунии ноболиғон коҳиш ёбад.
Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Қаробеков, нозири шуъбаи маорифи ноҳия оид ба таълиму тарбия, бар ин аст, ки тасмими ин шӯро чандон аз рӯи адолат нест: «Ба фикри ман, дар ҷиноят содир кардани ноболиғон, қабл аз ҳама, падару модари ӯ ва ҷомиъа масъуланд, вале танҳо ба мудирону муаллимони макотиби дар он таҳсил намудаи ноболиғи содирнамудаи ҷиноят ҷазо муқаррар кардан аз рӯи адолат нест, гузашта аз ин, хилофи ҷонунҳои кишвар аст».
Вале додситон Азизов мегӯяд, ки баъди тасмими ин шӯро теъдоди ҷинояти ноболиғон дар ноҳия хеле кам шудааст. Дар ин робита ӯ мутазаккир шуд, ки, агар теъдоди ҷиноят содиркунии ноболиғон дарсоли 2007 нисбат ба соли 2006 ҳудудан 400 маротиба буд, имсол то ҳанӯз ноболиғе даст ба ҷиноят назадааст.
XS
SM
MD
LG