Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Freedom House" ё созмони "Хонаи Озодӣ" аз вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад ва Тоҷикистонро кишвари ноозод меномад.

Дар миёни 195 кишвар ва минтақа ин созмон Тоҷикистонро аз лиҳози озодии сухан дар ҷои 168-ум гузоштааст.

Озодии суханро дар Тоҷикистон қонуни асосии ин кишвар кафолат медиҳад, аммо озодии расонаҳои ҳамагонӣ дар дами марг қарор дорад ва ин асари талошҳои комёбонаи солҳои 2004-2006-и ҳукумат аст, ки тавонист иттилоърасонии мустақилро танг кардаву дар ҳошия қарор диҳад.

Дар моҳи август, Президенти Эмомалӣ Раҳмон ба тағйиру иловаҳое имзо кард, ки тӯҳмат ва бадгӯӣ дар интернетро ба ҷиноят табдил дода, барои он ҷазои ду соли зиндонро муқаррар намуд. Ин навгонӣ маҳдудиятҳои мавҷудаи кори матбуотро дар соли 2006 боз ҳам тангтар кард. Президенте, ки солҳост дар сари ҳокимият аст, фаҳмиши вижаи худро аз нақши матбуот дар ҷомеъа замоне нишон дод, ки раоснаҳоро ба "баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ" даъват кард.

Дар идомаи гузориши худ созмони Хонаи Озодӣ аз ҳукми 15 соли ҳабс ба Аслан Усмонов, ки дар қатли раиси вақт дафтари Бахши Форсии БиБиСи дар Душанбе, Муҳиддини Олимпур дар соли 1995, мутаҳам шудааст, истиқбол мекунад, аммо инро фақат як парвандае аз қатлҳои зиёд, аммо беҷазомондаи журналистони тоҷик дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ меномад.

Дар ҳоле ки дар соли 2007 хушунате зидди журналистон ба қайд гирифта нашудааст, ҳамла ба онҳо шакли дигар касб мекунад. Чунончи, се журналисти нашрияи "Овоза", Саида Қурбонова, Муҳайё Нозимова ва Фарангис Набиева барои нақли қавл аз форуми интернетӣ ба додгоҳ кашида шуданд ва ҳарчанд қазия дӯстона ҳал шуд, он ҳушдоре ба журналистон гардид, ки барои истифода аз манобеъи интернетӣ онҳо метавонанд, дар курсии айбдоршавандагон қарор бигиранд.

Созмони Хонаи Озодӣ бори дигар аз сарнавишти ҳафтаномаи озоди "Нерӯи сухан" ёд мекунад ва баста шудани онро ғайриқонунӣ мешуморад. Ҳамчунон маҳрум шудани БиБиСи аз мавҷи ФМ ва мумониат ба сабтиноми раоснаҳои нав, аз ҷумла радиоҳои нави мустақил ва кӯмаки созмони ғайридавлатии Интернеюс ба онҳоро. Дар идомаи ин гуфта мешавад, дар Тоҷикистон расонаҳои давлатӣ дастболоянд, бахусус дар соҳаи телевизион ва радио. Ҳамаи шабакаҳои телевзионии саросарии кишвар давлатиянд ва танҳо ба телевизиони "Сомониён" иҷозат шуд, дубора ба фаъолият пардозад.

Ба гуфтаи Созмони Хонаи Озодӣ, давлат дар Тоҷикистон ба сурати мустақим ё ғайримустақим абзори тавоноеро ба монанди муҷаввизи нашарот, назорат ба чопхонаҳо ва паҳнкунандагони амвоҷ ва сармоягузориҳоро дар даст дорад. Интернет озодтар аст, аммо дар соли 2006 ҳукумат талоше кард, ки аз дастрасӣ ба сомонаҳои мунаққиди худ пешгирӣ намояд. Қонуни нави ҷазои ҷиноӣ нисбати интернет ва дастрасии ночизи аҳолӣ ба интернет сабаби озодии нисбӣ ва баракати он дар фазои маҳдуди иттилоотии кишвар шудаанд.
XS
SM
MD
LG