Пайвандҳои дастрасӣ

Охири ҳафтаи гузашта вуруд ва истифода аз саҳифаҳои интернетии бахшҳои мухталифи радиои Озодӣ мушкил шуда буд.

Ҳар гоҳе ки муштариён мехостанд аз сомонаҳои бахшҳои Белорусӣ, озарӣ, тотор-бошқир, радиои Фардо, бахшҳои русӣ , тоҷикӣ ва ғайра дидан кунанд, компютерҳо иттилоъ медоданд, ки имкони вуруд ба ин сомона вуҷуд надорад. Ҳоло ба назар мерасад, ки ин халал ё худ ҳамлаи кибернетӣ ба радиои Озодӣ хотима ёфтааст.

Ҳадафи ибтидоии ҳуҷум саҳифаи интернетии бахши беларусӣ буд, вале баъдан ба сомонаҳои бахшҳои дигари радиои Озодӣ тавсеа ёфт. Дар давоми чанд соат имкони вуруд ба саҳифаи интернетии ҳашт бахши радиои Озодӣ ва дар айни онҳо бахши тоҷикӣ аз байн рафт.

Лук Спрингер, раиси бахши фанновариҳои радиои Озодӣ ташреҳ дод, ки ҳамла амалан аз ирсоли ҳазорҳо дархости қалбакии муколама бо радиоли Озодӣ иборат аст. Тамоми таҷҳизот дар паи муколама бо ин дархостҳои қалбакӣ мешаваду муштариёни воқеӣ наметавонанд ба саҳифаи интернетии мавриди ҳамла ворид гарданд. Рӯзи шанбе ҳар сония ба радиои Озодӣ 50 ҳазор дархости қалбакӣ фиристода мешуд.

Раиси бахши беларусии радиои Озодӣ Александр Лукашук изҳор намуд, ки шанбеи 26 апрел солгарди инфиҷори ҳаставӣ дар нерӯгоҳи Чернобил буд ва ҳазорҳо сокини ин кишвар мехостанд дар маросим бахшида ба ин фоҷеа тазоҳурот намоянд. Ба гуфти Лукашук ҳукумат то ҳанӯз хисороти мардуми аз инфиҷори Чернобил зиён дидаро ҷуброн накардаву, дар паи бунёди нерӯгоҳи ҷадиди ҳаставӣ шудааст.

Раиси радиои Озодӣ Ҷефрӣ Гедмин мегӯяд, «агар дар кишварҳое, ки мо барнома пахш мекунем, расонаҳои озоду мустақил вуҷуд медоштанд, зарурати пахши барномаҳои мо ба ин кишварҳо аз байн мерафт. Собиқ, Шӯравӣ, беларусиҳову эрониҳо ҳама як ҳадаф доранд. Онҳо табодули иттилову афкорро ҳамчун оксигени ҷомеаи маданӣ арзёбӣ намуда, ҳар корро барои ҷилавгирӣ аз он ба сомон мерасонанд. Хоҳ он эҷоди халал дар пахши барнома бошад, хоҳ ҳамлаи кибернетикӣ, ин ҳамон корест, ки онҳо мекунанд".

Ҳоло каме душворӣ дар истифодаи сомонаи белорусии радиои Озодӣ боқӣ мондааст, вале боқимонда бахшҳо ва аз ҷумла бахши тоҷикӣ халалро пурра бартараф кардаанд.

XS
SM
MD
LG