Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ярмаркаи туризм ҷои Тоҷикистон холӣ монд


Дар шаҳри Бишкек ярмаркаи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Туризм ва саёҳат-2008» баргузор шуд, ки ҳукумати ин кишвар раҳандозӣ намудааст.

Нур Дустбул уғли, муовини нахуствазири Қирғизистон, дар маросими ифтитоҳи он гуфт, ки дар ин чанд рӯз шаҳри Бишкек ва соҳили баҳри Иссиқкӯл ба макони гуфтугуву мулоқотҳои кории намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва бастани қарордодҳои миёни ин ширкатҳо табдил хоҳад ёфт. Вай афзуд, ки кишвараш дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун кишвари туризм эътироф хоҳад шуд ва мавҷи сайёҳон сол аз сол ба осоишгоҳҳои соҳили баҳри Иссиқкӯл ва соири вилоятҳои Қирғизистон хоҳад афзуд.

Гуфта мешавад, ки ба ин ярмарка беш аз 100 ширкати сайёҳӣ аз қораи Осиёву Аврупо даъват шудаанд. Турусбек Мамашев, раиси оҷонси давлатии туризми Қирғизистон, пиромуни баргузории ин ярмарка ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки мавсими имсолаи сайёҳӣ дар кишвараш дубора оғоз ёфт. Вай афзуд, ки дар радифи ярмаркаи севвуми байнулмилалии туризм фестивали байналмилалии ҳунармандиро низ раҳандозӣ намуданд, ки бори аввал сурат гирифт.

Бояд зикр кард, ки дар радифи ширкатҳои сайёҳие, ки ба ярмаркаи байнулмилалии туризми Бишкек даъват шуданд, номи Тоҷикистон низ шомил аст, вале ҷои алоҳидае, ки барои рекламаи ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҷудо карда буданд, холӣ монд.

XS
SM
MD
LG