Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастикам 66 нафар ҳалок шуда, 400 нафар захмин шуданд – чунин аст натиҷаи садамаи ду қаторе, ки дар музофоти Шандун (Чин) ба ҳам бархӯрданд.

Сарвазири кишвар ва вазири роҳҳои оҳани кишвар ба ҷои ҳодиса, воқеъ дар шарқи Чин, омада, ба амали наҷотдиҳандаҳо раҳбари мекунанд.
Ин садамаи калон субҳи имрӯз, дар соати 4-у 43 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба амал омад. Ожонси иттилоъотии «Синхуа» (Чин), бо истинод ба шоҳидони воқиъа, хабар медиҳад, ки қатори мусофиркаши Пекин – Синдао аз дар наздикии шаҳри Тсибо аз релсҳо берун шуда, ба як қатори хатсайри Янтай – Сючжоу бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин, ҳарчанд қатори дувум дар релсҳо барҷо мондааст, 10 вагони қатори пекинӣ воруна шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба қавли шоҳидон, ҳарду қатор бо суръати баланд ҳаракат мекардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2008 ин дувумин садамаи калони роҳи оҳан дар ин музофот мебошад (Дар моҳи январи соли равон як қатори баландсуръат аз роҳи худ канда шуда, гурӯҳи кормандони роҳи оҳанро пахш мекунад, ки дар пайи он 18 нафар ба ҳалокат мерасанд).
Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин садама аз ҷиҳати миқдори қурбониён дар роҳҳои оҳани Чин дар 10 соли ахир аст. Чунин як садама дар соли 1997 дар музофоти Хунан воқеъ гардида буд, ки дар натиҷаи садамаи ду қатор 126 одам ба ҳалокат расид.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабарнигорони чинӣ, ҳадди ақалл 70 нафар дар ҳолати вазнинтарин мебошанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ҳам будаанд.
XS
SM
MD
LG