Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон имкони бо кумаки ИМА ба Покистон интиқоли барқро пайдо кардааст, Русияву Узбакистон ба ин кор мухолифанд.

Суханони Ричард Баучер, ёвари котиби давлатии ИМА, ки гуфтааст, бо кумаки Бонки осиёии Рушд имкони интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Покистон баррасӣ мешавад, бархе коршиносон ва маҳофилро дар Тоҷикистон хушбин кардааст.
Оқои Баучер гуфтааст, ки Покистон солона ҳадди ақалл ба 3000 мегабайт нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад ва Тоҷикистон метавонад 1000 мегабайт нерӯи барқро ба ин кишвар содир намояд.
Тоҷикистон дар айёми гарми сол нерӯи барқи бештар аз ниёзи дохилии худро тавлид мекунад. Дар гузаштаҳо ин нерӯи барқро Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ва Русия интиқол мекард.
Дар ҳамин ҳол, ахиран Узбакистон монеъ аз интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Русия шудааст. Ба назари Масъуд Собиров, устоди донишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон, дар сурати фароҳам шудани имкони интиқоли ин нерӯи барқ ба Покистон иқтисоди Тоҷикистон суд хоҳад бардошт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан хатти интиқоли барқ ба Покистон вуҷуд надорад ва шартномаи миёни ду кишвар барои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Вахондара ҳам ба далоили мухталиф ба ҳоли иҷро дарнаёмадааст.
Аммо Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси масоъили иқтисодӣ, пешниҳоди ҷониби Амрикоро, ки омода буданаш дар кумак барои амалӣ шудани интиқоли барқ ба Покистонро эълом намудааст, барои ҷалби сарони амрикоӣ ҷиҳати иҷрои барномаҳои дигари энержӣ фурсати муносиб медонад. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд аз ин истиқбол кунад, чун Русия майли зиёде барои сохтмони Роғунро надорад.
Аммо бархе дигар аз коршиносон бар инанд, ки имкони мухолифати Русия ва Узбакистон ба ин тарҳ низ баъид нест, зеро дар сурати эҳдоси хатти интиқоли барқ ба Покистон, ҳам Покистон ва ҳам Афғонистон ва кишварҳои дигари шарики онҳо манфиъатдор хоҳанд буд, ки нерӯгоҳҳои дигаре дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон сохта шавад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки Русия ва Узбакистон ин тарҳҳоро ба нафъи худ намедонанд: яке ба далели он, ки дар сурати ҳухзури Амрико ва Покистон аз бозор хориҷ мемонад ва дигаре ба далели пеш омадани фоҷиъаҳои зистмуҳитӣ ва дар ихтиёри Тоҷикистон қарор гирифтани идораи танзими захираҳои оби минтақа.
XS
SM
MD
LG