Пайвандҳои дастрасӣ

Куриёи шимолӣ ба Сурия кумак кардааст?


Ин ҳам он бинои реактордорест, ки дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил хароб шуда буд

Ин ҳам он бинои реактордорест, ки дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил хароб шуда буд

Ҳукумати ИМА боварии қатъӣ дорад, ки Куриёи шимолӣ ба Сурия дар сохтани реактори атомие кумак намудааст, ки барои ҳадафҳои мусолиматомез пешбинӣ нашуда буд.

Кохи Сафед инро як “таҳаввулоти хатарнок ва бесуботкунанда барои ҷаҳон” хонд. Аммо сафири Сурия дар Амрико Имод Мустафо гузоришҳо доир ба реактори атомӣ дар кишварашро рад карда, онҳоро “хаёлпардозӣ” номид.
Зимни баёнияи расмӣ рӯзи панҷшанбе ҳукумати Амрико гуфт, Сурия то рӯзи 6-уми сентябри соли гузашта “пинҳонӣ реактори атомӣ месохт”, ки он “қодир ба тавлиди плутониум” будааст. Сухангӯи Кохи сафед Дана Перино гуфт, реактор дар маҳалли биёбонии ал-Қибор бар асари ҳамлаи ҳавоии Сурия вайрон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Сурия кӯшиш кардааст, то тамоми шавоҳиди мавҷудияти реакторро пинҳон кунад.
Пештар дар ин бора мақомоти олирутбаи идораи ҷосусии Амрико, аз ҷумла раиси CIA Майкл Ҳайден, доир ба таъсисоти ҳастаии Сурия ба вакилони мардумии ИМА гузориш доданд. Онҳо дар ҳузури вакилон навори видеоиро намоиш додаанд, ки аз дохили таъсисоти атомии Сурия ва пеш аз ҳамлаи Исроил бардошта шудааст. Тарҳи таъсисот ва маҳалли он баёнгари он аст, ки Сурия мехост, онро ба таври махфӣ нигаҳ дорад.
Дар ҳамирн ҳол, Сурия зуд иқдом кард, то фаъъолиятҳои атомиашро пинҳон намояд ва бинои реакторро вайрон ва зери хок кард ва таҷҳизоти лозимро низ аз онҷо берун бурд.
Хадамоти ҷосусии Амрико инчунин тасовиреро намоиш дод, ки, дар дохили ин маҳалли махфӣ кор кардани шаҳрвандони Куриёи шимолиро исбот мекунад. Дар ин навор ҳамчунин иморате ба чашм мерасад, ки, ба гуфтаи мақомоти Амрико, ба реактори ҳастаии Йонбйони Куриёи шимолӣ ниҳоят монанд аст.
Ба бовари мақомоти Амрико, ин реактор ҳанӯз сӯхти ҳастаӣ надошт, вале то моҳи августи соли 2007 барои фаъъолият омода мешуд. Дана Перино мегӯяд, Сурия бояд исбот кунад, ки “фаъъолиятҳои ғайриқонунии ҳастаӣ” надоштааст. Ба гуфтаи ӯ, ин таҳаввулот нишон медиҳад, ки нигаронии ҷомиъаи байнулмилалӣ аз фаъъолиятҳои атомии Эрон беҳуда нест.
Мудири Ожонси байнулмилалии энержии атомӣ Муҳаммад ал-Бародаӣ гуфт, ин созмон иддаъоҳои Амрикоро ҷиддӣ мегирад ва дурустии онро низ таҳқиқ мекунад. Ал-Бародаӣ ҳамчунин Амрикоро танқид кард, ки иттилоъот доир ба барномаҳои атомии Сурияро то кунун пинҳон доштааст.
Аммо, дар ҳамин ҳол, Имод Мустафо, сафири Сурия дар Амрико, ин гузориши Амрикоро рад карда, иддаъо намудааст, ки он иттилоъот хаёлпардозӣ аст. Имод Мустафо бо ишора ба Ироқ гуфт, ки Амрико дар бофтани мадраку далелҳо доир ба фаъъолиятҳои атомии кишварҳои дигар таҷриба дорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Куриёи шимолӣ дар гузашта хабарҳо доир ба ирсоли фанновариҳои атомӣ ба Сурияро рад кардааст.
Бар асоси созиши шашҷониба, дар моҳи феврали соли 2007 Куриёи Шимолӣ аҳд кардааст, ки аз барномаҳои атомии худ даст мекашад ва тамоми иттилоъот доир ба ирсоли фанновариҳои атомӣ ба кишварҳои дигарро ифшо мекунад. Аммо, ба гуфтаи Амрико, Куриёи шимолӣ бо вуҷуди муҳлати муқарраршуда то 31-уми декабри соли гузашта Пхенян ҳамаи иттилоъот дар ин робитаро ишфо накардааст ва ин худ як мониъае дар роҳи музокироти шашҷониба барои халъи силоҳҳои атомии Куриёи шимолӣ аст.
XS
SM
MD
LG