Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои ҷавони камонварии Тоҷикистон


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе шоми 27-уми апрел бо пирӯзии варзишгарони пойтахти Тоҷикистон хотима ёфт.

Дар сабқати духтарон Фарзонаи Азизӣ мақоми аввалро касб кард. Мадина Сайфуллоева дар ҷои дуввум ва Таҳмина Лолакова дар ҷои севвум қарор гирифтанд.

Сабқати мардон бо ғалабаи Рустам Маҳмудов ба поин расид. Ҷаҳонгир Сафарзода дуввум ва Мансур Исмоилов севвум шуданд.

Дар сабқати дастаӣ ҳам байни духтарон ва ҳам миёни писарон шогирдони мактаби махсуси кӯдакону наврасони захоири олимпии шумораи 2-и шаҳри Душанбе ғолиб гардид. Дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ҷои дуввум ва тими мизбон – мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ҷои севвумро касб карданд.

Саркотиби ин мусобиқа Махфират Алиева, ҳамзамон сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, сабқати ҷумҳуриявӣ беҳтарин камонварони ҷавони кишварро муайян кард, ки онҳо моҳи август дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат меварзанд. Хонум Алиева афзуд, Албина Камолиддинова дар риштаи камонварӣ Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Пекин намояндагӣ хоҳад кард. Ва ӯ дар ин мусобиқа ғайриозмун ширкат варзид, вале натоиҷи дилхоҳ нишон дода натавонист. Умедворем, ки то Олимпиадаи Пекин маҳораташро сайқал дода, ба натоиҷи хуб ноил мегардад.

XS
SM
MD
LG