Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ҳамлаи ИМА ба кишвари навро баъид медонад


Эрон гуфт, эҳтимол аст, ки бо сардаргумиҳои имрӯзаи Вашингтон дар Афғонистону Ироқ, ИМА тавони ҳамла болои кишвари дигарро дошта бошад. Сахангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Алии Ҳусайнӣ гуфт, баъид аст, ки нирӯҳои амрикойӣ тавони ҳамла ба кишвари навро дошта бошанд. Ҳафтаи гузашта, ҳам адмирал Майк Мюллен, раиси ситоди муштараки ИМА ва ҳам вазири дифоъ Роберт Гейтс Эронро барои тақвияти пуштибониҳояш аз ҷангиёни ироқӣ айбдор карда, гуфтанд, ҳама тадбирҳои низомӣ барои ҳалли масъала мавриди андешаву баррасӣ қарор хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG