Пайвандҳои дастрасӣ

15 қурбонии задухӯрдҳои қочоқчиёни мексикоӣ


Дар пайи чанд задухӯрди миёни гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддири мексикоӣ, ки шоми шанбе дар шаҳри Тихуана, марзи ИМА рӯй дод, 15 узви гурӯҳҳои қочоқбар кушта шуданд. Хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки бовар меравад ин гурӯҳҳои рақиб аъзои як картели бузурги тоҷири маводи мухаддир бо исми "Ареляно Феликс" буданд. Дар моҳҳои охир даҳҳо нафар қурбони хушунатҳои дохилии гурӯҳҳои қочоқчӣ дар Мексика шудаанд. Ҳукумат нирӯҳои бештари амниятиро дар манотиқи махсусан хатарнок, аз ҷумла дар дохили шаҳри Тихуана ҷойгир кардааст.
XS
SM
MD
LG