Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори Марокаш 55 кушта ба ҷо гузошт


Муфаттишони Марокаш таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор дар як корхонаи кӯрпадӯзӣ (матрассозӣ)-и шаҳри Касабланкаро оғоз карданд, ки сабаби ҳалокати 55 коргар ва ҷароҳати 20 тани дигар шудааст. Дар ҳоле, ки баъди вуқӯи ин фалокат гузоришҳои зиёд роҷеъ ба баста будани ҳама баромадгоҳҳои корхона пахш шуд, вазири умури дохилаи кишар Чокиб Бинмӯсо гуфт, ки ҳайати муфаттишон инчунин тадбирҳои амниятӣ ва шароити кори коргарони фабрикаро тафтиш хоҳанд кард. Вазир гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд, маводи кимиёие, ки дар дохили сохтмон нигаҳдорӣ мешуд, ба қавле ба оташ равған рехта, домани сӯхторро дар масоҳати бештар тавсеа додааст.

XS
SM
MD
LG