Пайвандҳои дастрасӣ

Ду мавриди мухолифат бо Чин дар Кореяи Ҷанубӣ


Имрӯз гашти машъали олимпӣ дар Кореяи Ҷанубӣ идома меёбад. Дар Сеул барои таъмини амнияти ҷараёни машъалбардорӣ ҳудудан 8000 нирӯи полис сафарбар шудаанд. Фаъолони Кореяи Ҷанубӣ таҳдид карданд, ки алайҳи тасмими ҳукумати Чин барои репатриатсияи дубораи муҳоҷирони зодаи Кореяи Шимолӣ ба ватанашон ва инчунин, аз саркӯби тазоҳургарони тибетӣ дар моҳи март даст ба эътироз хоҳанд зад. Машъали олимпӣ аз Ҷопон вориди Кореяи Ҷанубӣ шуд. Дар Нагано дирӯз фаъолони тибетӣ талош карданд, машъалро хомӯш кунанд, аммо полис ба ин ҷараён мудохила кард.
XS
SM
MD
LG