Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 кушта дар Ироқ


Даргириҳои шабонгоҳӣ миёни ҷангиёни шиамазҳаб ва нирӯҳои амрикоиву бритониёӣ дар шаҳраки Садри Бағдод дасти кам 8 кушта ба ҷо гузошт. Дар миёни қурбониҳо, як зан ҳам ном бурда мешавад. Мақомоти ироқӣ имрӯз гуфтанд, ки дар пайи даргириҳои ахир 44 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа раҳбари тундрави ҷангиёни шиа Муқтадо Садр аз артиши Маҳдии худ даъват кард, ки ба хушунатҳо ва даргириҳо бо артиши миллии Ироқ хотима дода шавад.
XS
SM
MD
LG