Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар Косово се нафарро маҷрӯҳ кард


Дар як таркише, ки шаби гузашта дар манотиқи сербнишини Косово рӯй дод, се нафар ҷароҳат бардоштанд. Полиси Косово мегӯяд, ки таркиш дар маркази шаҳраки сербиниши Лепосавич рух дод. Сухангӯи полис Бесим Ҳотӣ гуфт, ки "маводи мунфиҷира, ба эҳтимоли зиёд норинҷаки дастӣ, аз як мошини дар ҳоли ҳаракат партоб шудааст". Таркиш чанд соат баъди шурӯи ҷашнгириҳо аз Иди поки пайравони калисои Ортодокс садо дод.
XS
SM
MD
LG