Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: Чанд гумонбари ҳамлаҳо боздошт шуданд


Имрӯз дар Кобул тирандозие паради низомии Кобулро, ки бо иштироки раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай ҷараён дошт, ба ҳам зад. Ҳомиди Карзай, ки аз ин ҳодиса ҳеҷ зараре надидааст, дар як суханронии телевизиониаш баъдан гуфт, ки чанд дастандаркори ин ҳамлаҳо боздошт шудаанд:

"Имрӯз дар таҷлили маросими 16-умин солгарди пирӯзии ҷиҳоди Афғонистон душманони Афғонистон, душманони амнияти Афғонистон кӯшиш карданд, ки ин маросимро тахриб кунанд, ба беназмӣ ва даҳшат биафкананд. Хушбахтона, қувваҳои низомии Афғонистон ҳамлагаронро муҳосира карданд, баъзе аз мазнунонро дастгир карданд. Ва алҳамдуллилоҳ хайру хайрият аст, боитминон бошед".

Ҳодисаи мазкур дар ҷараёни таҷлили иди шикасти таҷовузгарони шӯравӣ дар Афғонистон рӯй дод. Мақомот гуфтанд, ки дар ин ҳодиса дасти кам 3 нафар кушта шуданд, аз ҷумла як узви маҷлис, ки субҳ маҷрӯҳ шуда буд.
XS
SM
MD
LG