Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суиқасд ба ҷони президенти Афғонистон


Ҳомид Карзай ҳангоми суханрониаш дар Кобул қабл аз анҷоми суиқасд
Ҳомид Карзай ҳангоми суханрониаш дар Кобул қабл аз анҷоми суиқасд

Ба ҷони Ҳамид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон суиқасд карда шуд. Раисҷумҳури Афғонистон зарар надидааст.

Қазия имрӯз, 27 апрел ба ҳини паради ҳарбӣ дар шаҳри Кобул рух дод. Ҳангоме, ки Карзай ва мақомоти дигари расмӣ ба минбар мебаромаданд, тирпарронӣ ва таркишҳо ба вуқуъ пайваст.

Садҳо бинанда рӯ ба гурез ниҳоданд. Посбонони раисҷумҳури Афғонистон ӯро ба ҷои амн бурданд.


Масъулияти суиқасдро аллакай гурӯҳи Толибон ба гардан гирифтааст. Намояндаи Толибон гуфтааст, иҷрогарони ин амалиёт шаш нафар будаанд, ки се нафарашон дар бархӯрд кушат шуда, ва боқимонда датсгир шудаанд.

Дар маҷмӯъ, бо иловаи толибони кушташуда, чаҳор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва 11 нафари дигар захмӣ шудаанд.


Паради ҳарбӣ ба ифтихори солрӯзи Пирӯзии мардуми Афғонистон дар ҷиҳод зидди Шӯравӣ баргузор мешуд. Шонздаҳ сол қабл ҳукумати Наҷибулло, ки аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ дастгирӣ меёфт, суқут кард. Баҳори соли 1992 муҷоҳидин ба Кобул ворид шуданд.

XS
SM
MD
LG