Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия иттиҳомоти Амрикоро рад кард


Сурия гуфт, ки аз ҳамкорӣ бо Оҷонсии байналмилалии энержии атомии СММ барои таҳқиқи иттиҳоми ИМА алайҳи Димишқ намеҳаросад, ки гуфтааст, Кореяи Шимолӣ барояш дар бунёди реактори ҳастаӣ кӯмак мекунад.

СММ гуфтааст, ки иттиҳомоти Амрикоро дар заминаи ин ки сентябри соли гузашта ин таъсисоти қодир ба тавлиди плутониум мавриди бомборони нирӯҳои ҳавоии Исроил қарор гирифтааст, инчунин тафтиш хоҳад кард.

Башор Ҷаъфарӣ, сафири Сурия дар СММ гуфт, иттиҳомоти Амрикоро қабул надорад ва афзуд, эҳтимолан иттиҳомоти мазкур ба хотири тавҷеҳи ҳамлаҳои ҳавоии сентябри соли гузашта аз ҷониби Исроил садо медиҳад. Ҷаъфарӣ дар як нишасти матбуотӣ дар сохтмони СММ гуфт, ки Димишқ бо Оҷонсии энержии атомӣ ҳамкории наздик барпо кардааст ва чизе барои пинҳон кардан надорад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вашингтон сафири Сурия дар ИМА Имод Мустафо низ аз мавқеи кишвараш ҳимоят кард. Бо ишора ба масоили Ироқ вай гуфт, ки ИМА шавоҳиди сохтакоронаи зиёди марбут ба нишондодҳои фаъолиятҳои ҳастаии кишварҳои дигарро дар ихтиёр дорад. Ҳарчанд оқои Мустафо дар ин мусоҳибааш нагуфт, ки оё сохтмоне дар биёбони бастаи Сурия бо чӣ ҳадаф бунёд мешуд, аммо гуфт, ки набуди тадбирҳои амниятӣ барои ҳимояти ин сохтмон маънои бехатар будани онро дорад.

Ҳарчанд то ҳанӯз ҳеҷ вокунише аз Пхенян роҷеъ ба иттиҳомоти нави Амрико пахш нашудааст, вале пештар мақомоти Кореяи Шимолӣ интиқоли ҳама гуна фанновариҳои ҳастаиро ба Сурия рад кардаанд.

Раҳбари Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ гуфт, ки бо тамоми ҷиддияте, ки лозим аст, иттиҳомоти Амрикоро мавриди таҳқиқ қарор хоҳад дод. Дар изҳороташ Муҳаммад ал-Бародаӣ инчунин тарзи бархӯрд бо мавзӯъро аз ҷониби ИМА ва Исроил танқид кард.

Мақомоти баландпояи иттилоотии амрикоӣ дар паси дарҳои баста дар ҳузури қонунгузорон роҷеъ ба таъсисоти ҳастаии Сурия маълумот доданд. Баъдан, дар як нишасти матбуотӣ, аъзои конгресси Амрико бо намоиши наворҳои видеоӣ, гуфтанд, ки он дар дохили таъсисоти Сурия қабл аз ҳамлаи ҳавоии Исроил болои ин сохтмон наворбардорӣ шудааст. Амрикоиҳо мегӯянд, ки сохтмони мазкур хеле шабеҳ ба реактори ҳастаии Ёнгбяни Кореяи Шимолӣ мебошад. Масъулини иттилоотии Амрико мегӯянд, ки таъсисоти мазкур аллакай дар моҳи августи соли 2007 қобили фаъолият будааст. Зимни як суханрониаш дар Пентагон, раиси ситоди муштараки нирӯҳои амрикойӣ адмирал Майк Мюллен гуфт, ки ИМА бояд дубора дар самти ҷилавгирӣ аз тавсеаи аслиҳаи куштори ҷамъӣ ва дастрасии ба қавли вай, дастони нохалаф ба он, гом бардорад.

Кохи Сафед гуфт, ки реактори махфии ҳастаии Сурия на барои ҳадафҳои сулҳомез дар назар гирифта шудааст ва онро хатарнок хонда гуфтааст, ки метавонад дар рушди ҷаҳонӣ чун як нирӯи харобкоре хизмат кунад.

XS
SM
MD
LG