Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳпаймоии эътирозӣ дар Қирғизистон


Рӯзи 26 апрел дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон намояндагони мухолифин раҳпаймоии эътирозиро шурӯъ намуданд.

Гуфта мешавад, ки ин раҳпаймоӣ аз рустои Тюп шурӯъ шуда, то шаҳрҳои Чулпонота ва Баликчии ин вилоят давом хоҳад кард. Аммо баъд мавҷи раҳпаймоён ҳаракати худро ба сӯи пойтахти кишвар - шаҳри Бишкек идома хоҳанд дод. Шумораи эътирозгарон дар ин ҷо дар ҳудуди 300 нафар тахмин карда шуд. Дар ин раҳпаймоӣ раҳбарони мухолифин Омурбек Тикебоев, Азимбек Бекназаров, Болот Шерниёзов ва Дуйшон Чотонов шомиланд. Депутатҳои парлумон аз ҷиноҳи ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон Роза Отунбоева ва Исо Омурқулов низ ба ин раҳпаймоӣ пайвастанд.

Шиори эътирозгарон «Барои адолат» буда, раҳпаймоӣ як аксуламал дар муқобили райъи ҳукумати кишвар арзёбӣ гардид, ки гуфта мешавад, чаҳор осоишгоҳи Иссиқкӯлро дар ихтиёри Қазоқистон вогузоштааст. Ба гуфтаи эътирозгарон, онҳо ҳамчунин нахоҳанд гузошт, ки минтақаи Қаркираи вилояти Иссиқкӯл ба тасарруфи Қазоқистон гузарад.

Толиқон Исмоилова - ҳомии ҳуқуқи башар ва яке аз ширкаткунандагони раҳпаймоии эътирозӣ мегӯяд, вай то ҳол надидааст, ки ҳукумат дар муқобили эътирозгарон аз гурӯҳи тахрибкорон кор гирад. Ба гуфтаи хонум Исмоилова, як гурӯҳи одамони дар бар либоси мулкӣ ба эътирозгарон дарафтиданд ва ба сӯи онҳо сангу тухм партофтанд, то ки эътирозгаронро пароканда кунанд.

Азимбек Бекназаров - раиси ҳизби «Асаба» ва депутати собиқи парлумон мегӯяд, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз муқовимати миёни эътирозгарон ва нерӯҳои ҳукуматӣ онҳо тасмим гирифтанд, ки райпаймоиро муваққатан мутаваққиф созанд. Ба гуфтаи оқои Бекназаров, агар онҳо имрӯз райпаймоиро идома диҳанд, боз ба як тахрибкории навбатии дастандаркорони ҳукумат рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, вале мухолифин роҳи бозгашт надоранд ва талош ба харҷ хоҳанд дод, ки замини ба Қазоқистон фурӯхта ва осоишгоҳҳоро баргардонанд.

Тибқи хабарҳои расида дар вилояти Норини ин кишвар низ як гурӯҳи эътирозгарон субҳи 26 апрел раҳпаймоиро шуруӯъ карданд, вале онҳо аз тарафи кормандони умури интизомӣ боздошт ва ба раёсати умури дохилаи вилоят интиқол дода шуданд.

XS
SM
MD
LG