Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронӣ аз амнияти иттилоотӣ


Масъулини расонаҳои хабарии Тоҷикистон зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе вазъи амнияти иттилоотӣ ва омилҳои таъсиргузор ба фазои хабариро баррасӣ карданд.

Ба назари масъулини расонаҳо, дар шароити кунунӣ амнияти иттилоотии Тоҷикистон бештар аз ҳар вақти дигар осебпазиртар аст ва бояд давлат ба тақвияти расонаҳои озод ба манзури таъмини амнияти миллӣ мусоидат кунад. Ба кадом далоил?

Ба назари гузоришгарон, аз ҷумлаи масъулини расонаҳо дар ҳоли ҳозир расонаҳои дохилии Тоҷикистон то ҳадде, ки зарур аст дар ташаккул додани афкори умумии ҷомеаи кишвар саҳим нестанд. Балки умдатан расонаҳои хориҷӣ ҳастанд, ки афкори умумии ҷомеаро шакл медиҳанд. Бештар аз 50 фоизи матолиби ТВ бо забони русӣ аст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, як иллати аслии рахна дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ва номуассир воқеъ шудани расонаҳои дохилӣ ва давлатӣ дар он аст, ки расонаҳои дохилӣ ниёзи ҷомеаи ба ахбори рузро қонеъ намекунанд ва аз ин хотир хонанда ва ё шунаванда ба манбаҳои хориҷӣ руҷуъ мекунад. Коршиносон мегуянд, давлат бояд зимни омузиши амиқтари ин масъала ба сурати ҷиддитар ба он расидагӣ кунад.

Ба гуфтаи ширкаткунандагони ин нишаст, фазои иттилоотии Тоҷикистон то кунун таҳти таъсири расонаҳои Русия қарор дорад. Зеро ду шабакаи саросарии ТВ Русия дар саросари Тоҷикистон қобили дидан аст ва ҳамчунин матбуоти чопи Русия низ дар Душанбе бознашр мешавад.

Ба назари масъулини расонаҳо, ба манзури таъмини амнияти иттилоотӣ давлат бояд ба рушди расонаҳои миллӣ ва мустақил кумак кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG