Пайвандҳои дастрасӣ

Ф. Ҳакимов: "Чернобил бояд такрор нашавад"!


Рӯзи шанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиши аъзои шӯрои ҷамъиятии Иттифоқи маъюбони Чернобили Тоҷикистон доир шуд, ки алъон беш аз 2000 (2250) узв дорад. Раиси ин созмон Фаридун Ҳакимов дар як сӯҳбати телефонӣ аз Қӯрғонтеппа ба радиои Озодӣ гуфт, ки аъзои ин созмон аз ҳисоби ширкатдорони амалиёти поккории паёмадҳои садамаи Чернобил, ҳамсарони қурбониҳои ин ҳодиса ва фарзандони онҳо иборат аст. Вай гуфт, ки баъди соли гузашта қабул шудани Қонуни ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар пайи таркиши нирӯгоҳи атомии Чернобил зарар дидаанд, аз лиҳози иҷтимойӣ ва дастрасӣ ба замин шароити бозмондаҳои ин таркиши атомӣ дар Тоҷикистон беҳтар шудааст. Оқои Ҳакимов афзуд, ки бо нигоҳ ба ҷоҳталабиҳои ҳастаии баъзе давлатҳои сайёра хеле муҳим аст, ки фалокати Чернобил барои инсоният чун дарси хубе хизмат кунад:

"Муҳим аст, ки он корхонаҳое, ки ядрои атомиро дар фаъолияти худ истифода мекунанд, эҳтиёт шаванд. Чернобил бояд такрор нашавад. Азобашро мо мекашем, мо мефаҳмем, ки ин фалокат чӣ натиҷа дошта метавонад. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ин фоҷеа такрор нашавад".

Фаридун Ҳакимов гуфт, ки соли 1986 беш аз 6000 сокинони Тоҷикистон, сарбозон ва хизматчиёни қисмҳои эҳтиётии артиш барои кӯмак дар муқобила бо паёмадҳои Чернобил сафарбар шуданд ва аз миёни онҳо, беш аз 200 нафарашон то имрӯз бар асари бемориҳои марбут ба ташашшӯи радиоактив ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG