Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон дубора муҳофизакорон пирӯз шуданд


Дар Эрон дар пайи даври дуюми интихоботи парлумонӣ намояндаҳои муҳофизакорон ҳақи назорат бар маҷлисро ба даст оварданд. Тибқи натиҷаҳои қисми аввали баргаҳои раъдиҳӣ, ки рӯзи ҷумъа баргузор шуд, муҳофизакорон аз 11 курсии маҷлиси Теҳрон 10 курсиро аз они худ карданд ва танҳо як курсӣ насиби ислоҳталабон шудааст. Дар сурати таъйиди ин натиҷаҳо, муҳофизакорон аз 30 курсии маҷлиси Теҳрон дар 29 курсӣ ҷой хоҳанд гирифт. Дар миқёси ҷумҳуриявӣ бошад, муҳофизакорон аксари курсиҳои маҷлиси Эронро ҳифз кардаанд, ҳарчанд, гуфта мешавад, ки онҳо ҳам дар дохили худ муттаҳид нестанд. Муҳофизакорони парлумон ба ду ҷабҳа ҷудо мешаванд - аз сӯе пуштибонони раиси ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод ва аз тарафи дигар - мунаққидони вай қарор доранд, ки аз ҷумла сари масоили иқтисодӣ бо вай ихтилофи назар доранд.
XS
SM
MD
LG