Пайвандҳои дастрасӣ

Human Rights хостори тамдиди таҳримҳои Ӯзбакистон


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки таҳримҳои Ӯзбакистонро то замоне тамдид кунад, ки ин кишвар пешравиҳои дарозмуддатро дар масоили ҳуқуқи инсон ба намоиш гузорад. Иттиҳодияи Аврупо ду сол пеш ҳукумати Тошкандро барои бархӯрди шадидлаҳн ва саркӯби тазоҳургарони Андиҷон таҳрим кард. Дар айни замон, аксар тадбирҳои таҳримкунандаи Ӯзбакистон барои муваққат бардошта шудааст. Ҳанӯз ин масъала зери суол аст, ки оё Иттиҳодияи Аврупо таваққуфи таҳримҳоро тамдид карданӣ аст ва ё ҳамаи санксияҳоро ба шакли пуррааш барқарор хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG