Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай амалиёти ИМА ва Бритониёро танқид кард


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар як мусоҳибаи матбуотӣ аз ҷараёни пешбурди амалиёти нирӯҳои амрикоиву бритониёйӣ дар кишвараш танқид кард. Дар як мусоҳибаи тӯлонӣ бо нашрияи The New-York Times Карзай гуфт, ки вай мехоҳад нирӯҳои амрикойӣ боздошти аъзо ва тарафдорони Толибонро хотима диҳанд. Карзай гуфт, ки сиёсати мазкур ҷараёни халъи силоҳи Толибонро баҳам мезанад. Раиси ҷумҳурии Афғонистон эътилофи таҳти раҳбарии Амрикоро барои пешбурди амалиёти зиддитеррор дар деҳоти кишвараш танқид карда гуфтааст, ки хатари воқеӣ аз ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида таҳдид мекунад, ки дар марзи Покистон паноҳ мебаранд. Вай афзуд, хоҳони он аст, ки ба хисороти ҷониву молии ғайринизомиҳо хотима дода шавад.
XS
SM
MD
LG