Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия бо СММ ҳамкорӣ мекунад


Димишқ гуфт, ки бо ҳайати муфаттишони Оҷонсии байналмилалии энержии атомии СММ дар робита бо иттиҳомоти ИМА роҷеъ ба эҳтимоли ҳамкории Сурияву Кореяи Шимолӣ барои бунёди як реактори ҳастаӣ дар хоки Сурия ҳамкорӣ хоҳад кард. Сафири Сурия дар СММ Башор Ҷаъфарӣ иттиҳомоти ахири Амрикоро рад карда гуфтааст, ки Сурия чизе барои пинҳон кардан надорад. СММ мегӯяд, ки иттиҳомоти дигари Вашингтонро низ мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, ки мегӯяд, таъсисоте, ки нирӯҳои ҳавоии Исроил сентябри соли гузашта дар хоки Сурия хароб кардаанд, ҳамон сохтмони реактори ҳастаӣ будааст, ки дар ҳоли бунёд шудан мебошад.
XS
SM
MD
LG