Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрде дар маросими машъалбардории Нагано


Дар ҷараёни эстафетаи машъали олимпӣ, ки имрӯз дар Ҷопон сурат гирифт, задухӯрди хурде ба мушоҳида расид. Маросими машъалбардорӣ дар шаҳри Наганои Ҷопон дар ҳалқаи сахти амниятӣ баргузор шуд. Нагано соли 1998 мизбони бозиҳои зимистонаи олимпӣ будааст ва ба ҳамин хотир маросими имсола дар ин шаҳр ҷараён гирифт. Дар пайи кӯшиши ҳамла ба машъали олимпӣ полис дасти кам се нафарро боздошт кард. Полис гуфт, ки задухӯрди начандон сахт, ки миёни тарафдорони Чин ва Тибет сурат гирифт, ба маросими машъалбардорӣ зиёд халал нарасонидааст.
XS
SM
MD
LG