Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба январу апрел бармегардад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов хостори лағви “тақвими Туркманбошӣ” ва аз нав ҷорӣ кардани тақвими маъмулӣ шуд.

Шаш сол қабл сарвари пешини кишвар Сафармурод Ниёзов унвони рӯзҳои ҳафта ва моҳҳоро табдил карда буд. Моҳи аввали сол Туркманбошӣ номгузорӣ шуда буд ва моҳи апрел “Қурбонсултон”, ба номи модари раисҷумҳур. Рӯзи аввали ҳафта - душанбе ба “Бошгун” ё рӯзи асосӣ иваз шуда буд ва рӯзи шанбе ба “рӯҳгун”, яъне “рӯзи рӯҳ” ва гуфта мешавад, ки онро ба шарафи “Рӯҳнома” - китоби президенти собиқ ин гуна ном гузошта буданд.

Ахиран Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар посух ба гуфтаҳои раиси порлумони кишвар, ки аз норозигии мардум аз “тақвими Туркманбошӣ” ҳарф мезад, ба порлумон тавсия дод, то дар нишасти навбатӣ ин мавзӯъро баррасӣ кунад. Коршиносони муқими кишвар мегӯянд, ки аз бозгашт ба тақвими нав шояд аз ҳама бештар мактабиён нороҳат шаванд, ки чанд соли ахир маҷбур буданд “тақвими Туркманбошӣ”- ро азёд кунанд ва ҳоло маҷбур хоҳанд шуд то унвони рӯзҳои ҳафта ва моҳҳои тақвими пешинро дубора ба ёд оваранд.

Бори аввал нест, ки раҳбари нави Туркманистон ба лағви тасмимҳои ғарибулаҷиби Туркманбошӣ даст мезанад. Ӯ қаблан тасмими Сафармурод Ниёзов дар бораи манъи цирк ва опера дар кишварро бекор карда буд ва барои ифтитоҳи интернет-кафеҳо дар Ишқобод иҷоза дод.

Ва аммо гуфта мешавад, ки имрӯз доғтарин мавзӯъ дар Туркманистон – вуруди тағйирот ба Қонуни асосии кишвар аст. Чанде қабл Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба зарурати тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ишора карда гуфта буд, ки “дар 16 соли истиқлол, чаҳор бор ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуд ва имрӯз бархе аз нуктаҳои он кӯҳна шудаанд ва дар роҳи рушди кишвар монеъа эҷод мекунанд”. Ва аммо ӯ аз ошкор кардани нуктаҳои баҳсталаб ва кӯҳнаи Конститутсия худдорӣ кард.

Гуфта мешавад, ки барои баррасӣ ва пазируфтани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ анҷумани ғайринавбатии Халқ Маслиҳатӣ даъват хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG