Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Русия сари истифодаи нерӯ дар Қафқоз


Агар Гурҷистон дар Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубӣ аз зӯр истифода барад, Русия низ имкони истифода аз нерӯро баъид нахоҳад донист.

Ин ҳарфҳо ахиран аз забони намояндаи вижаи Вазорати умури берунаи Русия дар масоили муносибот бо кишварҳои ҳамсуд Валерий Кеняйкин садо дод. Ҷаноби Кеняйкин ҳамчунин Гурҷистонро аз нақшаҳои истифода аз нерӯҳои НАТО дар ҳалли мушкилоташ бо он ду ҷумҳурӣ ҳушдор дод. Ӯ гуфт, «агар касе аз гуфтушунидҳо саркашӣ мекунад ва мехоҳад ба нерӯҳои НАТО такя бикунад бо он умед, ки сарбозони НАТО хоҳанд ҷангид, мо метавонем псоухи сазовор бидиҳем». Мақоми баландпояи Русия гуфт, «агар афроди бесилоҳ аз иқдомоте зарар бубинанд, бояд онҳоро ҳимоя кард. Ва мо онҳоро бо ҳар имкони мавҷуде, ки дорем, ҳимоя хоҳем кард. Дар ин маврид ҳеҷ касе метавонад шак наёрад».

Намояндаи рус ҳамчунин гуфт, Маскав зидди ягонагии хоки Гурҷистон нест, аммо талаб дорад, то бо назардошти манофеъи ҳамаи ҷавониб гуфтушунидҳо доир бигарданд.

Вазорати умури хориҷаи Гурҷистон ҳанӯз ба ин ҳарфҳо посухе надодааст, аммо раиси Кумитаи амният ва дифоъи порлумони он кишвар Георгий Таргамадзе гуфт, ин ҳарфҳои мақоми русӣ гувоҳи ниятҳои хасмонаи Русия мебошанд.

Мэтю Брайз, намояндаи департаменти давлатии Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз ин изҳороти оқои Кеняйкин дар мавриди қазияи Абхозистон мутаҳаййир ҳастанд. Оқои Брайз бо хитоб ба оқои Кеняйкин илова намуд, ки «раҳбари Вазорати умури берунаи шумо медонад, ки мо бо чӣ ҷаҳд аз гурҷиҳо талаб дорем, то онҳо аз истифодаи ҳар гуна нерӯ парҳез бикунанд ва корҳои марбут ба ҳалли сулҳомези қазияро фаъолтар рӯи даст бигиранд».

XS
SM
MD
LG