Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиши маргбор дар Шри Ланка


Бар асари таркише дар дохили як автобуси мусофирбари пуродам дар ҳошияи пойтахти Шри Ланка дасти кам 16 нафар кушта ва 40 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти расмӣ гурӯҳи ҷудоихоҳи бабрҳои тамилро масъули ин ҳамла номиданд, ки ин гурӯҳ хоҳони таъсиси кишвари мустақил дар шимол ва шарқи Шри Ланка мебошад. Бархӯрдҳои миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва бабрҳои Тамил аз моҳи январ шиддат гирифтааст, чун дар он замон ҳукумат аз созиши оташбаси шашсола бо бабрҳои тамил даст кашид.
XS
SM
MD
LG