Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти пурҳаёҳу дар Қирғизистон


Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки Эшонбой Қодирбеков, ки рӯзи 24 марти соли 2005 чанд соат раиси ҷумҳури Қирғизистон буд, бо иттиҳоми сӯистифода аз мансаб ва тақаллуби молӣ боздошт шудааст. Ин сиёсатмадор дар гузашта аз муттафиқони раиси ҷумҳури феълӣ Қурмонбек Боқиев ва чанд муддат раиси Оҷонси меъмори ва сохтмони Қирғизистон буд. Пеш з боздошташ Қодирбеков ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мақомоти расмӣ ба ӯву хонаводааш фишор меоранд. Бародари ин мансабдори собиқи қирғиз гуфтааст, ки боздошти Эшонбой Қодирбеков ангезаҳои сиёсӣ дорад, вале мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки далелҳои зиёде барои гунаҳкор кардани Қодирбековро пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG