Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯшиши рафъи моҷарои Маскаву Тблисӣ


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имрӯз гуфт, ба хотири фурӯ нишондани моҷароҳо миёни Русия ва Гурҷистон як намояндаи худро ба Тбилисӣ мефиристад. Александр Стаб - вазири умури хориҷаи Финландия ва раҳбари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имрӯз гуфт, дар сӯҳбат бо мақомоти Русия нигарониҳояш аз танишҳои байни ду кишварро иброз кардааст. Дар як нишасти хабарии муштарак бо вазири умури хориҷаи Русия, Александр Стаб гуфт, ки намояндаи худро рӯзи сешанбе ба Гурҷистон мефиристад. Русия ва Гурҷистон ҳамин ҳафта дар мавриди сарнагун кардани як ҳавопаймоии ҷосусии гурҷӣ дар фазои Абхозистони ҷудоихоҳ моҷаро карданд. Сергей Лавров - вазири умури хориҷаи Русия гуфт, дар муносиботи кишвараш бо Гурҷистон ҳеҷ бӯҳроне вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG