Пайвандҳои дастрасӣ

Даври дуввуми интихоботи Эрон


Дар Эрон даври дуввуми интихоботи порлумонӣ идома дорад. Раъйдиҳандагон барои интихоби 82 вакили дигар аз ҳавзаҳои мухталиф аз 11 ҳавзаи пойтахт шаҳри Теҳрон раъй медиҳанд. Дар миёни 164 номзад ба вакилӣ 69 нафар номзадҳои муҳофизакор ва тарафдори раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ҳастанд. Чилу як нафари онҳо ислоҳталаб ва 54 тани дигар номзадҳои мустақиланд. Даври аввали интихоботи порлумонии Эрон моҳи март баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG